ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар сохтори маорифи шаҳри Душанбе низоми миллии почтаи электронӣ бо забони тоҷикӣ амалӣ гардид

Ноябрь 9, 2023 17:18

ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» низоми миллии почтаи электронӣ бо забони тоҷикӣ амалӣ гардид. Ба омодасозии почта барномасозони Маркази таҳлилӣ-итилоотӣ ҷалб гардида, онро дар заминаи барномаи «Roundcube» таҳия намуданд. Почта дар марҳилаи аввал дар сохтори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ҷорӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Почта бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ, беҳтар намудани суръати мубодилаи иттилоот, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, осон, дастрас ва бехатар намудани истифодаи системаи почтаи электронӣ, инчунин сода намудани раванди гардиши ҳуҷҷатҳо таҳия гардид.

Дар қаламрави мамлакат бори нахуст ба муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт муяссар гардид, ки аз истифодаи ҳамаи почтаҳои электронии хориҷӣ (доменҳои ru, com ва ғайра) даст кашида, ҳама намуди иттилоотро дар доираи домени миллӣ (tj) мубодила намоянд.

Таҳияи низоми миллии почтаи электронӣ қадами муҳим дар самти рушди рақамикунонии низоми табодули иттилоот буда, пешниҳоди чунин низом кори муассисаҳои давлатиро дар самти таҳия ва интиқоли ҳуҷҷатҳои расмӣ ва табодули шаклҳои гуногуни иттилоот ба маротиб осон, ҳамзамон бехатар мегардонад. Як ҷиҳати муҳимми дигари почта дар он аст, ки низоми он бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, ба корбарон имкон медиҳад, ки дар мубодилаи парвандаҳои худ ба мушкилӣ дучор нашаванд.

Тавре муовини директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Санҷар Амриев иброз дошт, низоми миллии почтаи электронӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30  декабри соли 2011 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2020 бо мақсади ташаккули  низоми ягонаи  табодули  иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ ва пайвастшавии  доимӣ  ба  система ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии алоқаи ҳамаи корбарон ва боло бурдани нақшу мақоми забони тоҷикӣ таҳия гардидааст. Он аввалин низоми миллии почтаи электронӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, татбиқи фарогири он дар марҳилаҳои баъдӣ дар назар аст.

Почтаи электронии миллӣ дар пайванди https://mtu.tj/қарор дорад.

АКС: Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Ноябрь 9, 2023 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид