Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД иштирок намуданд

Ноябрь 23, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва Мавлудахон Мирзозода дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба таври фосилавӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Вакилон дар ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблея оид ба масоили мудофиа ва амният, ки дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд, андешаҳои хешро нисбат ба мавзуъҳои баррасишуда иброз намуданд.

Дар  рӯзномаи ҷаласа  масъалаҳои зерин,  аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ҷавобгарӣ барои кирдорҳои вобаста ба барқарор намудани натсизм ва таҳрифи ҳақиқати таърихӣ, дар конунгузории давлатҳои аъзои СААД», «Дар бораи лоиҳаи изҳороти Шурои Ассамблеяи парламентии СААД»  баррасӣ шуданд.

Иштирокчиёни ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД масъалаҳои мавриди баррасии ҷаласаи навбатиро дар шароити ихтилофоту муқовиматҳои ҷаҳони имрӯза хеле муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории якҷоя, такмили механизми ин ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии ин созмон эътибори ҷиддӣ медиҳад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид