Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи VIII сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо дар Русия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 ноябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар ҷаласаи VIII сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар самти саломатӣ ва ёрии тиббӣ», ҳамзамон Конфронси VII байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масоили ҳимояи ҳуқуқи инсон: мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин байни омбудсменҳо» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.
Дар ин ҳамоишҳо имсол ба ғайр аз аъзои доимӣ- Арманистон, Тоҷикистон, Эрон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Русия ва Сербия омбудсменҳои Озарбойҷон, Туркманистон, Туркия, Мали, Малави, Баҳрайн, Никарагуа, Ҳабашистон, Абхазия, Беларус, дар маҷмуъ 37 намояндаи омбудсменҳои давлатҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласаи сатҳи баланд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар самти саломатӣ ва ёрии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, доир ба масъалаҳои мубрами таъмини ҳуқуқ ба саломатӣ ва расонидани кумаки тиббӣ, инчунин татбиқи чораҳо дар сатҳи давлатӣ оид ба таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ҳифзи саломатӣ ва расонидани ёрии тиббӣ заминаи мукаммали қонунгузорӣ ташаккул ёфтааст. Якчанд барномаҳои давлатӣ ва стандартҳои ҳуқуқӣ барои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ ба саломатӣ дар сатҳи давлатӣ ва минтақавӣ аллакай таҳия шудаанд.
Зимни баргузории ҷаласаи сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо ва конфронси байналмилалӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омбудсменҳои Арманистон, Муғулистон, Қирғизистон, Узбекистон, Русия, Сербия, Озарбойҷон, Туркманистон, Туркия, Мали, Малави, Баҳрайн, Никарагуа, Эфиопия, Абхазия, Тотористон ва дигарон вохӯриҳои дуҷонибаи судманд анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои вазъи ҳуқуқии инсон дар шароити имрӯза, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ гардиданд. Инчунин дар доираи ин вохӯриҳо масъалаҳои асосии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Омбудсмени ин давлатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






