ВУСЪАТИ БУНЁДИ ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ноҳияи Данғара биноҳои нави 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Ноябрь 25, 2023 09:37

ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили рӯзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара биноҳои нави як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

Аз ҷумла,  дар деҳаи «Зарнисор»-и Ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 83 барои 240 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ ва 1 китобхона мебошад.

Ҳамчунин дар деҳаи «Навобод»-и Ҷамоати деҳоти Сангтуда бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 82 барои 180 хонанда дар як баст ифтитоҳ гардид.

Ин бино аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ ва 1 китобхона мебошад.

Дар деҳаи «Дурахшон»-и деҳоти ба номи Исмат Шарифов бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 84 барои 240 хонанда дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои мактаб аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ ва 1 синфхонаи инкишофи кӯдак мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Ноябрь 25, 2023 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд