ВУСЪАТИ БУНЁДИ ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ноҳияи Данғара биноҳои нави 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара биноҳои нави як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Аз ҷумла, дар деҳаи «Зарнисор»-и Ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 83 барои 240 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ ва 1 китобхона мебошад.
Ҳамчунин дар деҳаи «Навобод»-и Ҷамоати деҳоти Сангтуда бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 82 барои 180 хонанда дар як баст ифтитоҳ гардид.
Ин бино аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ ва 1 китобхона мебошад.
Дар деҳаи «Дурахшон»-и деҳоти ба номи Исмат Шарифов бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 84 барои 240 хонанда дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои мактаб аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ ва 1 синфхонаи инкишофи кӯдак мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара














Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд






