Завқӣ Завқизода даври дуюми гуфтушунидҳоро вобаста ба баррасии Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо раисӣ намуд

Ноябрь 29, 2023 11:18

ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Брюссели Белгия таҳти раисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Сарпарасти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин даври дуюми гуфтушунидҳо вобаста ба баррасии «Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки Иттиҳоди Аврупо шарики рушди боэътимод ва муҳим барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин созишнома барои боз ҳам бештар тавсеа додани ҳамкории бисёрсамта заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар созишнома густариши ҳамкорӣ байни ҳарду ҷониб дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла иктисод ва савдо, сармоягузорӣ, иқтисоди «сабз», молия, бонкдорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва логистика, маориф ва таҳкими сарҳад дарҷ гардидааст.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2023 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд