35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот ба истифода дода мешаванд

Декабрь 13, 2023 18:00

РӮДАКӢ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади дар сатҳи баланд  таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ 55 иншооти соҳаи маориф, 7 иншооти соҳаи фарҳанг, 111 маркази савдою хизматрасонӣ, 56 иншооти соҳаи тандурустӣ, 19 иншооти соҳаи варзиш, 85 иншооти соҳаи коммуникатсияву хизматрасонӣ, 3 иншоот дар растаҳои ҳунармандӣ, 15  корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 9 фермаи парвариши чорво,  паранда ва боғҳои интенсивӣ  бунёд мегарданд. Дар ин хусус мудири бахши саноат, сохтмон ва коммуникатсияи ноҳияи Рӯдакӣ  Насим Калонов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. 

Аз 369 иншооти нақшавӣ то ин муддат 110 иншоот ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 20 иншоот дар соҳаи маориф, 2 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 11 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 20 маркази хизматрасонӣ, 5 корхонаи саноатӣ ва дигар иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ ва таъмини аҳолӣ бо хонаҳои  истиқоматӣ дар айни замон дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони хонаҳои баландошёна идома дорад. Дар асоси нақшаи генералӣ қисми аввали нақшаи муфассали банақшагирии шаҳраки Сомониён дар масоҳати 79,6 гектар барои зиёда аз 19 ҳазор нафар таҳия шудааст, ки ин лоиҳа биноҳои истиқоматии баландошёна, 4 муассисаи таълимии ҳар кадом барои 3200 хонанда дар ду баст, 8 кӯдакистон барои аз 200 то 400 кӯдак, мактаби мусиқӣ, меҳмонхонаҳо, гулгаштҳо, варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, майдонча ва толорҳои варзишӣ, навсозии бозори “Ганҷ”, биноҳои маъмурӣ, бинои ёрии таъҷилӣ дар назди беморхонаи марказӣ, беморхона барои касалиҳои дил, навсозии Қасри фарҳанг, васеъкунии роҳҳо ва ғайраро фаро мегирад.

Тибқи иттилои масъулини ноҳия, лоиҳа ба ду қисм тақсим шуда, дар қисми ҷанубӣ иншооти маъмурӣ, истиқоматию хизматрасонии 5-7-ошёна ва дар қисми дигар биноҳои 9-12-ошёна бунёд мешаванд. Иншоот мувофиқи лоиҳа бо санъати меъмории миллӣ ва масолеҳи баландсифати сохтмонӣ сохта мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 13, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд