35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кормандони филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд

Декабрь 14, 2023 09:31

ФАЙЗОБОД, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои наву замонавии филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ медиҳад.

Мудири филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод Баҳодур Юнусӣ иброз дошт, ки  бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандону муштариёни КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод сазовори беҳтарин бинои  наву замонавӣ мегарданд, ки дар ин бинои дуошёна тамоми шароити корӣ барои мутахассисон ва муштариён муҳайё гардидааст. Утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои дар фасли тирамоҳу зимистон бо гармӣ таъмин намудани бино шароити хуб муҳайё мебошад.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод бунёди  зиёда аз 147 иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ  ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора то имрӯз зиёда аз 60 иншоот  сохта, ба истифода дода шуд. Дар боқимонда иншоот,  аз ҷумла дар маркази ноҳия биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ,  бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, сохтмони муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод ва бинои шуъбаи маориф корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.

АКС: КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Декабрь 14, 2023 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст