35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Варзоб пули мошингузар бо иқтидори 60 тонна ба истифода дода мешавад

Декабрь 8, 2023 11:33

ВАРЗОБ, 08.011.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб пули мошингузари маркази ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иттилоъ доданд.

Пули мошингузар дар замони то соҳибистиқлолии мамлакат сохта шуда, бинобар зиёд гузаштани мошинҳои гаронвазн пурра корношоям гардид. Хушбахтона, бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ин пул дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланду иқтидори 60 тонна сохта ва дар доираи иншооти ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдшаванда ба истифода дода мешавад.

Дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмуъ солҳои 2022-2023 иҷрои корҳои сохтмонии иншооти тасдиқгардида 71 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Варзоб Фируз Баротзода, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар се мавзеи Ҷамоати деҳоти Лучоб бо масоҳати 3000 метр ва дар се мавзеи Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ бо масоҳати 3600 метр хати оби нӯшокӣ сохта шуд, ки ҳазорон нафар сокинони ин мавзеъҳо бо оби тозаи нӯшокии таъмин гардиданд. Ҳамчунин ҳамвор ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллии деҳаҳои Дашти мирон, Яккачашма ва Чанории Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ ба масоҳати 4 километр, роҳи маҳали деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Чорбоғ ба масоҳати 1,6 километр ба анҷом расонида шуд. Дар ноҳия ҳамчунин як пули чорвогузар ба чарогоҳи тобистона бо дарозии 60 метр ба истифода дода шуд.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, Кумитаи идораи замини ноҳия ва Корхонаи фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул”, Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Пуғус ва ҳаммоми замонавӣ дар мавзеи Зоғар муташаккилона идома доранд, ки иҷрои корҳо дар ин иншоот аз 90 фоиз зиёд мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ