7 ДЕКАБР- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Авиатсияи Тоҷикистон ба қонеъсозии ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисодиёт равона шудааст

Декабрь 7, 2023 14:46

ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ эълон гардидааст. Онро соли 1996 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади пешниҳод намудани маълумот ба ҷомеа дар бораи комёбӣ ва дастовардҳои муваффақонаи авиатсияи гражданӣ ва нақши он дар таҳкими саъю кӯшишҳои давлатҳои дунё барои эҷоди шабакаи ҷаҳонии нақлиёти ҳавоии баландсуръат ҷиҳати пешниҳоди хизматрасонӣ ба тамоми инсоният қабул намуд.

Соҳаи авиатсия низоми мураккаб буда, таваҷҷуҳи бештарро ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифат ба мусофирон тақозо менамояд. Он метавонад дар рушди иқтисодиёти ҳар давлат нақши калидӣ бозида, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи ҷаҳон шароити мусоид фароҳам орад. Фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ аз ҳар нафар маҳорати баланди касбӣ ва масъулият талаб менамояд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола 3 сентябр Рӯзи авиатсияи гражданӣ гузаронида мешавад, ки он ба парвози нахустин ҳавопаймои сохти олмонии Ю-13 аз Бухоро ба Душанбе дар санаи 3 сентябри соли 1924 иртибот дорад. Авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон асосан дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуд. Ин аст, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ибтидо як майдони хокии давраи радиуси 800-метра ва як заминкани бо қамиш пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи муосири дорои хатти нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании мамлакат тавсеа ёфт. Алҳол дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» фаъолият доранд. Хусусан дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд.

Маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро амалӣ менамояд, таъсис дода шуд. Ин ниҳоди давлатӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди соҳаи ҳавопаймоӣ ҳамаи тадбирҳоро амалӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки авиатсияи гражданӣ ба яке аз соҳаҳои бонуфуз ва муаррифи нуфузи давлат табдил дода шавад. Маҳз бо дастгирию ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти инфрасохтори авиатсияи граждании мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар ин росто, дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид.

Ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шуда, бо 30 давлати дунё созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ ба имзо расиданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои мусофирон терминали муосир сохта ва соли 2014 ба истифода дода шуд. Ҳамчунин моҳи июни соли 2018 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нави муосири боркашонӣ ва 26 сентябри соли 2018 толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки бозгӯи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди авиатсияи гражданӣ мебошад. Инчунин 27 июни соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ – танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», ки баландиаш 41,23 метр аст, мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти калон дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ маҳсуб мешавад ва мутобиқ ба меъёру талаботи ИКАО сохта шудааст. Дастгириҳои мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди авиатсияи граждании мамлакат натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, густариши соҳаи авиатсияи граждании давлатамон аз ҷониби ташкилоти байналмилалии соҳавӣ қаноатбахш ва рӯ ба рушд арзёбӣ гардидааст.

Бояд эътироф намуд, ки авиатсияи гражданӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини иқтисоди ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши авиатсияи миллиро пайваста таъкид намуда, барои рушду такмили ҳамаҷонибаи он дар назди кормандони соҳа вазифаҳо мегузоранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2023 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ! Соли нави таҳсил бо шунидани суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат оғоз меёбад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?
МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
Эмомалӣ Раҳмон: «Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред. Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост!».
ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД. Ин неъмати бузург ба мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ овард
ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ҳошияи бошукуҳтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон
ТИРАМОҲ ФАРО МЕРАСАД. Дар ин фасл кадом бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд?
ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ПАХТАПАРВАРӢ КОҲИШ ЁФТ? Дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардид
33 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шуд