ҲАФТАИ МӮДИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе фасли 11-уми он оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) фасли 11-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 13 декабр идома меёбад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон бо ибтикори Иттиҳодияи эҷодии «TZ» дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он тарроҳон аз Тоҷикистон, Русия, Эрон, Узбекистон, Гурҷистон маҳсули ҳунари худро ба маърази тамошо мегузоранд.
Дар маҷмуъ дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 16 тарроҳ ва брендҳои машҳур иштирок доранд. Дар ҷараёни баргузории Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 7 тарроҳ аз Тоҷикистон иштирок ва коллексияи нави худро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд.
Баргузории Ҳафтаи мӯд таҷрибаи пешқадами соҳа дар бисёр давлатҳои хориҷӣ арзёбӣ гардида, соли шашум аст, ки дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






