Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон чорабинии канориро дар мавзӯи «Харитаи роҳ — 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» доир намуд

Декабрь 14, 2023 10:08

ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар доираи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) чорабинии канориро дар мавзӯи «Харитаи роҳ — 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба криосфера»-ро  баргузор  намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат  хабар доданд.

Чорабинӣ бо иштироки намояндагони Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ЮНЕСКО, Маркази байналмилалии рушди ҳамгирошудаи кӯҳҳо (ICIMOD), Институти байналмилалии иқлим ва криосфера (ICCI), Институти Блокчейн ва иқлими Британияи Кабир (BCI) ва Тағйирёбии иқлим ва устуворӣ, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Непал ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд баргузор гардид.

Нишасти мазкурро ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода  оғоз намуда, оид ба  ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва иқлим ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинии мазкур масъалаҳои  «Харитаи роҳ барои соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ташкил намудани экспедитсияҳои байналмилалӣ бо иштироки шарикони рушд дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағгузориҳо ба самти ҳифзи пиряхҳо ва роҳҳои иштироки донорҳо ва коршиносон баррасӣ гардиданд.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 14, 2023 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст