Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи СММ зидди коррупсия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар шаҳри Атлантаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаласаи 10-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, дар конфронс доир ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия маълумот дода шуд.
Бояд гуфт, ки конфронси мазкур бахшида ба 20-солагии қабули Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия баргузор гардида, дар кори он намояндагон ва шахсони воломақоми зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, ки онҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи муқовимат ба коррупсия мусоидат намоянд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






