Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи СММ зидди коррупсия иштирок намуд

Декабрь 16, 2023 11:24

ДУШАНБЕ, 16.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар шаҳри Атлантаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаласаи 10-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  хабар доданд, дар конфронс доир ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия маълумот дода шуд.

Бояд гуфт, ки конфронси мазкур бахшида ба 20-солагии қабули Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия баргузор гардида, дар кори он намояндагон ва шахсони воломақоми зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, ки онҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи муқовимат ба коррупсия мусоидат намоянд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2023 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд