Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарикунандаи Донишкадаи омори СММ дар Малайзия иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Директори Агентии омор дар ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунандаи Донишкадаи омори Созмони Милали Муттаҳид барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва машварати идоравии 18-ум барои роҳбарони аввали мақомоти омори минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Ҷумҳурии Малайзия оғоз гардид, иштирок дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омор хабар доданд, ҷаласаи Шуро то 15 декабр идома ёфта, аз ҷониби Донишкадаи омори Созмони Милали Муттаҳид барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ташкил гардида, масъалаи асосии кори он баррасии корҳои иҷрогардида дар ҳамкорӣ бо мақомоти омори давлатҳо, нақшаи амал барои соли 2024 ва муаррифии нақшаҳои дарозмуддат барои солҳои 2025-2029 мебошад. Дар ин Шуро таклифу пешниҳодҳои роҳбарони аввали мақомоти омори давлатҳо ҷиҳати ташкили машғулияти омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи омор дар солҳои оянда ба инобат гирифта мешавад.
Инчунин дар ҳошияи ҷаласаи Шуро машварати идоравии 18-ум барои роҳбарони аввали мақомоти омори минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аз ҷониби бахши омори Комиссияи иктисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ташкил гардида, дар он иштирокчиён имконият доранд оид ба рушди низоми омори миллӣ ва дастовардҳои соҳа табодули таҷриба ва муошират намоянд. Мавзуи асосӣ дар ин машварат- ин риояи дурусти принсипҳои асосии омори расмӣ дар мақомоти омори давлатҳои минтақа мебошад.
Дар доираи кори ҷаласаҳо вохӯрии Директори Агентии омор бо роҳбари Донишкадаи омори Созмони Милали Муттаҳид, Директори мақомоти омори Малайзия, намояндаи шуъбаи омори Созмони Милали Муттаҳид, дигар шарикони рушд ва намояндагони мақомоти омори давлатҳои минтақа оид ба рушди ҳамкории минбаъда дар самти омоданамоии кадрҳои баландихтисос ва табодули таҷриба бо дигар давлатҳо дар назар дошта шудааст.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






