Ҳайати Тоҷикистон дар Париж бо сардори шуъбаи АвруОсиёии котиботи равобити байналмилалии СҲИР вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса вохӯрии ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён ва муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода бо сардори шуъбаи АвруОсиёии котиботи равобити байналмилалии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) Уиллям Томпсон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вохӯрӣ дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии вазирон дар чаҳорчӯбаи барномаи рақобатпазирии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд, ки таҳти унвони «Ҳамкории даст ба даст дар замонҳои душвор дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса» баргузор мегардад, доир шуд.
Дар мулоқот оид ба масъалаҳои рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ислоҳоти гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои охир, инчунин татбиқи якчанд барномаи ислоҳотӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд, ки татбиқи маҷмуи васеи ислоҳотро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт фаро мегиранд, иттилоъ дода шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






