Ҳамкории Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ, Гурҷистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият меёбад

Декабрь 16, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 16.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи 10-уми  Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода бо намояндагони Агентии назорат ва мубориза бо коррупсияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Бюрои зиддикоррупсионии Гурҷистон ва Бонки ҷаҳонӣ мулоқот анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯриҳо ҷонибҳо вобаста ба дастовардҳои худ дар самти муқовимат ба коррупсия музокира анҷом дода, омодагии хешро ҷиҳати минбаъд тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 10-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия аз 11 то 15 декабри соли 2023 дар шаҳри Атлантаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст