Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбад

Декабрь 11, 2023 08:56

ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати тақвият додани ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат, омӯзиши таҷрибаи Фаронса ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор доир гардид.

Раиси Кумита маълумот дод, ки дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятро дар самти рушди сайёҳӣ бо фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ, содагардонии дастрасии раводид, амалӣ намудани низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, паст намудани мизони андозбандӣ дар соҳаҳои бо сайёҳӣ омехта, тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дошта, талоши онро дорад, ки дилхоҳ меҳмону сайёҳи ба мамлакат омада бо таассуроти хотирмон амну ором саёҳат намояд.

Ҳамзамон масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Фаронса оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани даврҳои омӯзишӣ дар ин соҳа барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи гардишгарон байни ду давлат баррасӣ гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо ҳавасмандии худро ба ҳамкории судманд ва мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2023 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд