«АЗ ПЕШВО БИОМӮЗ ДАРСИ ВАТАНПАРАСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб ҳамоиши илмӣ доир гардид

Декабрь 12, 2023 10:22

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров-бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва 29-солагии  таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Пешво биомӯз дарси ватанпарастӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки «Тоҷикон» асаре аст, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст.

Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккули миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Изҳор гардид, ки аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо намудани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд.

Имрӯз асари «Тоҷикон» ба китоби рӯйимизии ҳар  фарди тоҷик мубаддал гардидааст. Воқеан ҳам, ин шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар навиштани китоби «Тоҷикон» заҳмати хеле зиёде кашидааст. Маҳз ҳамин китоб бузургии миллати тоҷикро бори дигар исбот намуд. Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро барои таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.

Зимнан маърузачиён аз иқдоми навбатии Пешвои миллат доир ба нашри асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар оилаи мамлакат дастрас намудани он ёдрас шуда, онро барои огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон муҳим ва саривақтӣ донистанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Декабрь 12, 2023 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид