Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

Декабрь 21, 2023 16:53

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Дар оғози давраи гузариш, яъне ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта матбуоти мо чун тамоми ҷомеаи мо марҳилаи мушкилро аз сар гузаронид. Замоне буд, ки на маблағ доштем, на коғаз ва на дастгоҳҳои муосири чопӣ. Ҳатто як қисми журналистони мо аз Ватан берун рафтанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин матбуоти мо ба хотири муттаҳид намудани тамоми қувваҳои солими ҷомеа, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи демократӣ, инкишоф додани иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии давлати тозаистиқлоли мо фаъолияти муассир нишон дод».

Эмомалӣ Раҳмон, 10 марти соли 2012 

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 20 декабри соли 2023 дар робита ба мавзуи бақайдгирии телефонҳои мобилӣ — IMEI (International Mobile Equipment Identity), ки имрӯзҳо боиси пайдо шудани саволҳои зиёд дар байни сокинон гаштааст, мақолаи журналист Оҳистамоҳ Вафобекро чоп намудааст. Ба ифодаи одӣ ва оммавӣ IMEI-ро метавон ҳамчун муайянкунандаи таҷҳизоти мобилӣ дар сатҳи байналмилалӣ шарҳ дод. Яъне, ҳар таҷҳизот (телефон)-и мобилӣ, адади 15-рақамаи хоси худро дорад, ки ин рақамҳо (рамзҳо) кишвари истеҳсолкунандаи таҷҳизоти мобилӣ, навъ ва намуди таҷҳизот, соли барориш ва дигар маълумотро ифода месозанд.

Муаллифи мақола навиштааст, ки зарурати ҷорӣ намудани тартиби нави бақайдгирии телефонҳои мобилӣ аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 «Дар бораи тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» бармеояд.

Планшетҳо, смартфонҳо, телефонҳои мобилӣ, дастгоҳҳои сафарӣ (портативӣ) ва дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM ҳастанд, бояд ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ворид шаванд. «Мақсад аз ҷорӣ намудани ин тартиб таъмини амният ва пешгирии қочоқи телефону планшетҳои ба мамлакат воридшуда мебошад». Ба иттилои роҳбари лоиҳаи «Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» Фаридун Мирамонов, ба қайд гирифтани рамзи IMEI дар системаи давлатӣ комилан ройгон аст. Ворид намудани рамзи IMEI ба система барои муайян намудани воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз 1 феврали соли 2023 оғоз ёфта, то 1 октябри ҳамин сол ҳамаи рамзҳои IMEI-и телефонҳои фурӯзонбуда бо сим-корти фаъол аз ҷониби операторони мобилии маҳаллӣ ба таври худкор ва ройгон ба базаи маълумоти миллӣ ворид шуданд.

Дар идомаи мақола омадааст, ки «дар системаи давлатӣ, инчунин серверҳои Хадамоти гумрук нахуст, ҳангоми пайдо гаштани рамзи IMEI мавҷудияти қайди гумрукии телефонро месанҷанд. Дар сурати мавҷуд будани қайди гумрукӣ рамзи IMEI ба рӯйхати сафеди система ворид мегардад ва шаҳрванд метавонад бемонеа аз телефон истифода барад. Вале агар он аз барасмиятдарорӣ нагузашта бошад, рамзи IMEI-и телефон дар системаи давлатӣ ба рӯйхати хокистарранг ворид  мешавад. Давоми сӣ рӯз агар таҷҳизот аз барасмиятдарории гумрукӣ нагузарад, ҳамаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, ба  монанди зангҳои даромаду баромад, смс-паёмакҳо ва интернет қатъ мегарданд».

Бояд гуфт, ки агар дастгоҳи мобилӣ аз хориҷа барои истифодаи шахсӣ ё туҳфа оварда шуда бошад ҳам, он бояд дар нуқтаи гумрукӣ бо пур намудани шакли декларатсияи Т-6 ба расмият дароварда шавад. Инчунин пеш аз харидани дастгоҳи мобилӣ зарур аст, ки коди IMEI-и он дар системаи давлатӣ бо фармони *3366# тафтиш  шавад ва ё IMEI-и таҷҳизот дар портали ягонаи www.imei.tj санҷида шавад.  Бақайдгирии кодҳои IMEI дар системаи давлатӣ комилан ройгон аст. Барасмиятдарории гумрукии мол (дар мавриди назар — телефони мобилӣ) масъулияти воридкунандаи таҷҳизот, яъне фурӯшандагони мол мебошад. Онҳо ҳуқуқ надоранд мол (таҷҳизот)-и аз расмиёти  гумрукӣ нагузаштаро ба фурӯш бароранд. Бинобар ин харидорони таҷҳизоти мобилӣ аз харидани таҷҳизоти аз расмиёти гумрукӣ нагузашта бояд худдорӣ намоянд.

Нашрия дар мавзуи мубориза бо коррупсия мақолаи корманди суди ноҳияи Фирдавсӣ Саёҳат Толибзодаро бо сарлавҳаи «Коррупсия. Мубориза бо ин зуҳурот кори дастҷамъона аст» пешкаши хонандагон намудааст. Муаллиф навиштааст, ки дар мамлакат ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, тавсеаи ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шуда, якчанд стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳия ва мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардидааст. Ҳадаф ва вазифаи асосии Стратегия баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароити мусоидаткунанда, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Санад баҳри инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона шудааст.

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз он ки аз ҷониби субъектони муқовимат ба коррупсия ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишию назоратӣ, таъқиботи ҷиноятӣ ва чораҳои дигари пешгирикунанда андешида мешаванд, мутаассифона, ҳанӯз ҳам аз ҷониби бархе аз масъулини вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ роҳ дода мешавад», — навиштааст муаллиф. Муаллиф хулоса намудаст, ки    пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб шуда, муқовимат ба он кори дастҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин дар ҳамин шумораи нашрияи «Ҷумҳурият» мақолаи ректори  Донишгоҳи байналмилалии забонҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Жило Гулназарзода бо сарлавҳаи «Ҳусни маънӣ нагузоштаст, ту аз ёд равӣ» чоп шудааст. Мақола ба ёдбуди омӯзгори асил, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарафи модарӣ» ва ифтихорномаҳои ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ Ҳуснигул Талбакова бахшида шудааст. Муаллиф навиштааст: «Ҳуснигул Талбакова дар гулистони зиндагӣ ва маърифат бо азму ирода, ақлу фаросат, одамияту садоқат бо зевари хирад ба илму адаби мардуми тоҷик мисли гул нозукона ҳусни маънӣ бахшиду ато кард. Устод Ҳуснигул Талбакова яке аз аввалин пажуҳишгарзане аст, ки аз мактаби бузурги илмии яке аз шахсиятҳои соҳибном ва донишманди забардасти тоҷик профессор Мукаррама Қосимова гузаштааст… Дар таълиму тарбияи ҷавонон, махсусан духтарон ҳастии худро бахшидааст. Муаллима тарғибгари ахлоқи поку ҳамида, ору номуси баланд, зебоию нафосат ва покизагӣ буд. Дар   тамоми   чорабиниҳо, нишастҳо, ҳамоишҳои илмӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ чун зани зиёии тоҷик саҳм мегузошт».

Нашрияи парлумонии  «Садои мардум» аз 18 декабри соли 2023  оид ба баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ба нашр расонидааст. Дар ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ», «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ­мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа», «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2024» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Нашрия иттилоъ додаст, ки ин масъалаҳо дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар ҷаласа ҳамчунин вобаста ба таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Дар саҳифаҳои дохилии ин шумораи нашрия сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал инъикос ёфтааст.

Нашрия ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ҳайати парламенти мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода даъвати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Вячеслав Володинро пазируфта, барои иштирок дар ҷаласаи сайёри Шуро ва ҷаласаи шонздаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия   сафар намуданд.

Нашрия ҳамчунин аз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжан Тсинвэй гузориш чоп намудааст. Зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд ва Тоҷикистон ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин манфиатдор мебошад. Гуфта шудааст, ки дар таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба саҳми роҳбарони ҳарду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бениҳоят зиёд аст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» аз 20 декабри соли 2023 дар баробари инъикоси сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таҳти сарлавҳаҳои «Нақши фраксияҳои ҳизбу блокҳои сиёсӣ дар ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои ИДМ», «Соати сиёсӣ», «Вохӯрӣ бо мардум», «Қадрдонии собиқадорони ҳизб дар Бадахшон» оид ба фаъолияти назаррасу муассири Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақола, хабару гузоришҳо чоп намудааст. Нашрияи ҳизбӣ ҳамчунин дар робита ба мавзуъҳои манъавиёт ва адабӣ мақолаҳои пурмуҳтавоо бо сарлавҳаҳои «Мавлавӣ ва Айнӣ», «Китобу китобдорӣ ганҷинаи фарҳанги миллат аст», «Фарҳанги басомадии вожагони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» ва дигар мақолаҳои муаллифии ҷолибро ба нашр расонидааст, ки бешак, мақбули хонандагони нашрия мегарданд.

 Акрам  САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

Декабрь 21, 2023 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СММ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ мубориза бурдан бо гармои шадид даъват намуд
Аз 27 июл то 1 август дар Тоҷикистон чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳо омадани сел пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд