Аъзои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро тавзеҳ доданд

Декабрь 30, 2023 10:17

ДУШАНБЕ, 30.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов  роҷеъ  ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолон дар соли равон сухан гуфтанд.

Ҳамзамон дар ҷаласа аъзои Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро, ки 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид,  шарҳу тавзеҳ доданд.

Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои давлатӣ ва мардуми Тоҷикистон буда, дар он дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дарҷ  гардидаанд.

Аз ин рӯ тамоми ниҳодҳои давлатӣ  бояд онро сармашқи кори худ қарор диҳанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 30, 2023 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст