Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Инъикоси осори аллома Бобоҷон Ғафуров дар Осорхонаи миллӣ» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур то 5 январи соли 2024 идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи экскурсионӣ ва омммавии Осорхонаи миллӣ Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
Дар намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон- академик Юсуфшоҳ Яъқубов, номзади илми таърих Абдулло Ғафуров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сабзалӣ Асоев, инчунин гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» Шоира Давлатзода иштирок намуданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 120 ашёи нодири таърихӣ, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Бобоҷон Ғафуров ва саҳми боризи ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд. Инчунин аксҳо аз ҷараёни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо «Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров» ва суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ, ки 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.
Дар қисмати марказии намоиш китоби тозанашри Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа гардид, ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои бузурги Бобоҷон Ғафуров бо мукофотҳои баланди давлатӣ- шаш ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва чандин медалу нишонҳо қадрдонӣ ва чанде аз онҳо дар намоиш ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






