Ба муассисаҳои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон техникаҳои кишоварзӣ тақдим шуданд

Декабрь 23, 2023 09:56

ДУШАНБЕ, 23.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ ба як зумра   муассисаи соҳаи кишоварзӣ якчанд техникаҳои кишоварзӣ супорида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҷумла, ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарварии «Тоҷикниҳолпарвар», Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» ва Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» якчанд техникаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, 63  трактори гуногунтамға, 30 ядак ва 4 испор бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» супорида шуд.

Тазаккур дода шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии кишоварзон зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо кумаку ҳидоятҳояшон соҳа рушди ҳамаҷониба ёфт. Ин аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ зина ба зина таъмин мегардад.

Техникаҳо ба хоҷагиҳои тухмипарвар ва муассисаҳо кишоварзӣ супорида шуданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2023 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд