Ба ятимону бепарасторони мамлакат туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд.
Ин навбат туҳфаҳои Сарвари раъиятпарвару инсондӯсти Тоҷикистон, ки аз либоси зимистонаи мактабӣ ва шириниҳо иборат мебошад, ба тарбиятгирандагони «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб» дастрас гардид.
Туҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб» расонида шуданд. Ҳамчунин туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони «Мактаб-интернати ёрирасони 1 шаҳри Кӯлоб» низ дастрас гардиданд.



Ҳамзамон кумак ва туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус расонида шуданд. Инчунин ба тарбиягирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус, воқеъ дар шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим гардиданд. Туҳфаҳои идонаи Сарвари давлат ба тарбиятгирандагони Муассиса-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳам дастрас шуданд.



Ҳамзамон туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор», ба тарбиятгирандагони Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт ва тарбиятгирандагони Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод тақдим гардиданд.



Инчунин ба тарбиятгирандагони «Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ», «Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон» ва «Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рӯшон» туҳфаҳои Пешвои миллат дастрас шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд






