Бахшида ба 12-солагии таъсиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се соли охир дар фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти куллӣ ба амал бароварда шуда, маҳорату дониш ва касбияти кормандон тағйир ёфт ва рӯ ба аудити мустақили берунаи мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи замони муосир оварда шуд. Ҳамин тариқ, аз марҳилаи такмили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ то ба қисман рақамикунонии раванди аудити мустақил ба таври таҷрибавӣ ноил гардида, минбаъд нақшаи гузаронидани аудити фосилавӣ амалӣ мешавад. Дар ин хусус имрӯз Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа бахшида ба Рӯзи таъсисёбиии Палатаи ҳисоб баён дошт.
Қарахон Чиллазода иброз дошт, ки «самаранокии фаъолияти мақомоти олии аудити ҷумҳурӣ торафт бештар мешавад. Ин, албатта, ба торафт баланд шудани малака, тахассус ва салоҳияти кормандон вобастагӣ дорад. Бинобар ин, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии фаъолияти доманадор стандартҳои миллии аудитро бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи стандартҳои байналмилалии мақоми олии аудит таҳия ва ҷорӣ намуда, ҳамчунин тартиби банақшагирӣ ва омода намудани ҳисобот аз натиҷаи аудитро амалӣ менамояд.
Моҳи июни соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд, ки он фаъолияти мақомотро ба танзим медарорад».
Гуфта шуд, ки Палатаи ҳисоб сол то сол робитаҳои байналмилалиро густариш дода, барои устувор намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони байналмилалии мақоми олии аудит (INTOSAI), Ташкилоти осиёии мақомоти олии аудит (ASOSAI) ва ғайра саъй менамояд. Бо ин мақсад бо ҳамтоён аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Молдова, Эрон, Чин, Беларус, Покистон, Латвия, Афғонистон, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Палатаи ҳисоб ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи Шурои роҳбарони Мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амалӣ намуда, солҳои 2020-2023 раёсати Шурои роҳбарони Мақомоти олии аудити Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дошт. Соли 2025 баргузории ҷаласаи Шурои роҳбарони Мақомоти олии аудити Созмони Ҳамкории Шанхай дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар назар аст.
Ҳамкории мунтазами мутақобила бо ташкилоти гуфташуда ва мақомоти олии аудити дигар мамлакатҳо ба беҳтар гардидани самаранокии фаъолияти Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






