Бахшида ба 95-солагии нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид

Декабрь 12, 2023 17:27

ДУШАНБЕ, 12.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Саҳми Чингиз Айтматов дар инкишоф ва густариши робитаҳои дӯстии халқи  тоҷику қирғиз назаррас  буда, ҳамкории эҷодии ӯ бо як зумра  намояндагони илм ва адабиёти тоҷик, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Акбар Турсун ва дигарон исботи ин гуфтаҳо аст.Чунин иброз дошт Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим имрӯз зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба 95-солагии нависандаи маъруфи қирғиз, арбоби давлатӣ ва дипломат Чингиз Айтматов, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Ҳамоиш бахшида ба 95-солагии нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов доир шуда, пеш аз оғози чорабинӣ дар саҳни китобхона аксҳо ва китобҳои Чингиз Айтматов ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамчунин филми кӯтоҳи мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ пешкаши ҳозирин гардид.

Дар оғози ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эрлан Абдилдаев иброз дошт, ки Чингиз Айтматов на танҳо нависандаи маҳбуби мамлакати худ, балки тамоми дунё буд. Асарҳои ӯ дар тамоми қитъаҳо машҳур буда, ба 186 забони ҷаҳон тарҷума шудаанд, ки мероси фарҳангӣ ва маънавии тамоми башарият мебошанд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим  иброз дошт, ки шахсияти нависандаи бузург Чингиз Айтматов ва эҷодиёти ӯ дар ҳаёти адабии Точикистон мавқеи махсусро ишғол менамоянд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, нависандагон ва тарҷумонҳои асарҳои Чингиз Айтматов ба забони точикӣ андешаҳои худро доир ба осор ва афкори ин нависандаи бузург изҳор доштанд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2023 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд