Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон байни сарбозону афсарон ва ҷавонони синни тодаъватии шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид

Декабрь 4, 2023 11:55

ДУШАНБЕ, 04.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ва бо мақсади тарбия намудани насли наврасу ҷавони мамлакат дар қисми низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак байни сарбозону афсарон ва ҷавонони синни тодаъватӣ вохӯрии судманд доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ.

Намояндагони Кумита ба хизматчиёни ҳарбӣ барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва хизмати софдилонаву содиқона дар сафи Артиши миллӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба онҳо ва фаъолҷавонони шаҳри Норак дар идомаи таҳсил ва иҷрои қарзи ҷавонмардӣ барор таманно намуданд.

Ташкили чунин чорабиниҳои дорои хусусияти ватандӯстона ба таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлат мусоидат менамояд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар қатори дигар ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст барои нигоҳ доштани дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, боло рафтани обрӯву нуфузи мамлакат ва ҳифзи марзу буми Ватан содиқона хизмат менамоянд.

Дар ҷамъбасти мулоқот консерти идона доир шуда, сарбозони Ватан бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумита сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2023 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид