Бахтиёр Маҳмадалӣ: «Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баён гардид, ки то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ дар мамлакат то ду маротиба кам мешавад»
ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 декабр дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок дар назди масъулини соҳаи геологияи мамлакат мақсаду вазифаҳои нав гузошта шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисию геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Харитаи (атласи) равандҳои экзогению геологии ҷумҳуриро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
«Мақсади таҳияи атласи ҷуғрофиро Сарвари давлат барои истеҳсоли энергияи «сабз», рушди иқтисоди «сабз» ва паст намудани партови газҳои гулхонаӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҳамчунин зарур шумориданд, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ шаванд. Инчунин таъкид гардид, ки то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ дар мамлакат то ду маротиба кам мешавад», — иброз дошт ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самти рушди геология изҳор доштанд, ки бояд бо маблағгузории мақсаднок ба ин соҳа ва ҷалби мутахассисони давлатҳои хориҷӣ ва тараққиёфта мутахассисони маҳаллӣ омода шаванд.
«Пеш аз ҳама, ин ба иктишоф ва таҳқиқи иқтидори канданиҳои фоиданок, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуд мебошанд, равона шудааст, то солҳои наздик ба ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии мамлакат ноил гардем», — гуфт Бахтиёр Маҳмадалӣ.
АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд






