Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Урали Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Декабрь 1, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Урали Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ.

Созишнома 28 ноябр зимни ташрифи намояндагони Донишгоҳи федералии Урали Федератсияи Русия ба Академияи идоракунии давлатӣ аз ҷониби ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил  Ғафурзода ва ректори Донишгоҳи федералии Урал  Виктор Кокшаров ба имзо расид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи ду муассиса ҳамчун ҷузъи муҳими рушди иқтидори илмӣ ва зеҳнии онҳо иброз намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ ва шарикии ин ду муассисаи олии таълимӣ сабаби баланд гардидани иқтидори илмӣ ва илмиву таҳқиқотии онҳо гашта, дар оянда қадами устуворе барои густариш ёфтани ҳамкории байналмилалии онҳо мегардад. Инчунин ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои муштарак, аз қабили симпозиумҳо, тренингҳо, машғулияти такмили ихтисос ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Меҳмонон бо синфхонаҳои таълимӣ, китобхонаи илмӣ, парки технологӣ, марказҳои омӯзишие, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтаанд, инчунин дастовардҳои илмию технологӣ ва фарҳангии он шинос шуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 1, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд