Байни Тоҷикистон ва Чин долони нави ҳавоӣ ифтитоҳ гардид

Декабрь 5, 2023 17:28

ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Чин ҳамкории авиатсиониро густариш медиҳанд. Далели ин ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин аст, ки имрӯз дар Душанбе бо ҳузури ҳайатҳои мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Чин Созишнома ба имзо расид.

Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими ҳамкорӣ аз 17 июни соли 2010 барои кушодани хати ҳавоӣ байни ду давлат заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Дар маросими имзои ин санад таъкид шуд, ки барои ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ пешниҳоди Тоҷикистонро ҷониби Чин зарурӣ шуморида, нисбат ба ифтитоҳи хати нав таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Нишастҳои судманд ва дӯстонаи роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Чин самараи нек оварда, масъалаҳои муҳим оид ба ифтитоҳи хатҳои нави ҳавоӣ ва таъмини соҳа бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, ки дар рушди соҳа ва иқтисодиёти мамлакат нақши калидӣ доранд, тақвият дода шуд.

Бо иқдоми ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ин масъала ва мувофиқа бо Бюрои ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 7 то 11 апрели соли равон вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини Авиатсияи граждании Чин гуфтушунид баргузор намуд, ки дар он марҳилаи ниҳоии раванди ба имзо расидани ин созишнома тақвият ёфт.

Дар доираи тадбирҳои андешида КВД «Тоҷикаэронавигатсия» барои ифтитоҳи хати нави ҳавоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низом ва таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили DME/DME, SSR MLAT ва якчанд низоми муосири соҳаро харидорӣ ва насб намуд, ки онро метавон қадами муассир барои расидан ба ҳадаф арзёбӣ намуд.

Инчунин низоми ADS-B, ки тавоноии бинишро дар баландии 10 ҳазору 100 метр доро мебошад, насб гардид. Ҳамзамон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин низоми навигатсионии хусусияти RNP-4 истифода мешавад, ки вобаста бо ҳамоҳангии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) то соли 2025 низоми навигатсионии нави RNP-4 ва RNP-2 иваз хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба баромадани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҷалби парвозҳои транзитӣ, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ, ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, шумораи парвозҳои байналмилалиро васеъ ва робитаи авиатсиониро бо ширкатҳои хориҷӣ қавитар менамояд.

АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Декабрь 5, 2023 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид