Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои маблағгузории лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд

Декабрь 22, 2023 09:27

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои маблағгузории лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ», маблағгузории иловагии лоиҳаи «Минтақавии интиқоли неруи барқи CASA – 1000» ва маблағгузории иловагии «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» созишномаҳои грантӣ  ба имзо расиданд.

Созишномаҳоро 21 декабр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ»- ин таҳкими низоми суғуртаи пасандозҳо, қарздиҳии бонкӣ ба корхонаҳои хурду миёна ва мусоидат ба ҳамгироии корхонаҳои хурду миёна ба занҷирҳои арзиш мебошад.

Маблағи лоиҳа 37,2 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар буда, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад.

Мақсади маблағгузории иловагии лоиҳаи «Минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000»- ин интиқоли барқи изофаи тобистонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Ҳамчунин ин лоиҳа ба коркарди механизмҳои савдои неруи барқ ва ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд.

Арзиши умумии маблағгузории иловагии ин лоиҳа 11 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун маблағҳои грантӣ пешниҳод гардидааст.

Мақсади маблағгузории иловагии «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа»- ин баланд бардоштани сифат ва вусъат бахшидани дастрасӣ ба хизматрасонии таъминоти барқ, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва мусоидат дар самти пурзӯр намудани иқтидори худидоракунии маҳаллӣ дар ҷамоатҳои фарогири ҳудуди лоиҳа ба ҳисоб меравад.

Арзиши умумии маблағгузории иловагии лоиҳаи гуфташуда 10 млн доллари амрикоӣ мебошад, ки он аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун маблағи грантӣ пешниҳод гардидааст.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2023 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад