Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» созишномаи грантӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маблағи умумии лоиҳа 40 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии рушд маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳа соли 2024 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2030 дар назар аст.
Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон хонум Шенни Кемпбелл ба имзо расониданд.
Ҳадафи лоиҳа муҳайё намудани заминаи сармояи инсонӣ барои дастгирии гузариши Тоҷикистон ба ҳосилнокии баланди меҳнат, фаъолсозии малакаҳо дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёна, модернизатсияи таълим, беҳтар намудани муҳити омӯзиш, идоракунии мактаб, ҳамгироии таҳсил оид ба тағйирёбии иқлим ва афзоиши иштироки духтарон дар омӯзиши илмҳои технологӣ, муҳандисӣ ва математика мебошад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






