Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия «Харитаи роҳ» доир ба тақвияти ҳамкории дуҷониба ба имзо расид

Декабрь 19, 2023 11:59

ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Харитаи роҳ» доир ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.

Ин санад зимни мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири кишоварзии Федератсияи Русия Дмитрий Патрушев дар шаҳри Москва,  дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия қабул гардид.

Дар доираи мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ доир ба масъалаи воридоти тухмии офтобпараст, тухмии лаблабуи қанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти моҳии форел ба Федератсияи Русия изҳори омодагӣ намуданд.

Инчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаи бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ дар заминаи донишгоҳҳои аграрии ду давлат  ба мувофиқа расиданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2023 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад