Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон сафи китобхононро зиёд намуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи китобхонӣ дар ҷомеа афзуда, китобу китобдорӣ рушд намуда, сафи китобхонон дар ҷомеа зиёд шуд, ки ин ҳама дар натиҷаи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» ба даст омадааст. Чунин иброз дошт мутахассиси соҳаи китоб, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Зафари Шариф.
Ба гуфтаи ӯ, бо ибтикор ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд, ки ҳадафи ниҳоии онҳо гиромидошт ва арҷгузорӣ ба китоб аст. Озмунҳо ҷанбаи умумимиллӣ дошта, дар онҳо новобаста аз касбу ҳунар ва сатҳи дониш тамоми аҳолии мамлакат иштирок менамоянд.
Баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фаъолияти китобдорӣ беш аз пеш афзун гардид. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ низоми густурдаи китобхонаҳо: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, китобхонаҳои низоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла китобхонаҳои пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, инчунин китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, муассисаву ташкилот ва китобхонаҳои хусусӣ фаъолият доранд.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардида, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ватанӣ ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш ташаккул ёфта, дар байни афкори китобдории ҷаҳон мақом ва мавқеи устувор пайдо намуданд.
Мавсуф иброз медорад, ки дар баробари дастовардҳои назаррас дар соҳаи китобдорӣ имрӯзҳо қисми зиёди китобхонаҳои мамлакат ба мутахассисони касбӣ эҳтиёҷ доранд. «Барои таъмини китобхонаҳо бо кадрҳо зарурати тағйири нақшаи қабули донишҷӯён ва мундариҷаи таҳсилоти тахассусӣ, ки бештар ба ҳалли вазифаҳои мушаххаси китобхонаҳо иртибот доранд, ба миён омадааст. Ин ҳолат водор месозад, ки бо назардошти эҳтиёҷоти китобхонаҳои мамлакат дар факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» теъдоди қабули донишҷӯён зиёд шавад. Ҳамзамон мутамарказгардонии неруҳои илмию педагогии соҳаи китобдорӣ барои тарбияи китобдорон, даст кашидан аз тайёркунии кадрҳои китобдорӣ дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус, ки дорои чунин неру нестанд, зарур мебошад», — мегӯяд мавсуф.
Ба гуфтаи ӯ, бояд дар заминаи шартномаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ ба давлатҳои мутараққӣ довталабоне, ки ба касби китобдорӣ майл доранд, фиристонида шуда, дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура мутахассисони соҳа омода шаванд.
Мутахассиси соҳа пешниҳод менамояд, ки бо назардошти тахассусҳои зарурӣ таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимии мавҷуда ва таҳияи нақшаҳои нави мутобиқ ба талаботи нави бозори меҳнат дар соҳаи китобдорӣ, тағйир додани низоми мавҷудаи такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон дар ҷумҳурӣ зарур шуморида мешавад.
Зафари Шариф иброз медорад, ки агар тамоми ин тадбирҳо дар доираи консепсияи мушаххас ё барномаи давлатии рушди соҳа ба инобат гирифта шаванд, он гоҳ сатҳи самаранокии онҳо боз ҳам баланд гардида, ба баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ ба шаҳрвандони мамлакат, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва мавқеи устувор пайдо намудани китобхонаҳои мамлакат дар бозори иттилоотии муосир мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






