«БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮИ СОЛ -2023». Барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар Федератсияи Русия таҳсил доранд, озмун доир мешавад

Декабрь 21, 2023 09:14

ДУШАНБЕ, 21.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо дастгирӣ ва сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия байни донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  ҳудуди Федератсияи Русия озмуни «Донишҷӯи сол – 2023» эълон менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.

Мақсад аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави  ҷавонони  лаёқатманди тоҷик дар мамлакати иқомат, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, муттаҳид намудани ҷавонон дар хориҷи давлат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаҳои гуногун дар байни донишҷӯён  мебошад.

Дар озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди Федератсияи Русия дар гурӯҳи рӯзона таҳсил менамоянд, иштирок намуда метавонанд. Донишҷӯёне, ки дар соли аввал таҳсил менамоянд, бо назардошти ҷамъбаст нагардидани соли аввали таҳсил имконияти иштирок намуданро надоранд.  Аз як донишгоҳ метавонанд чанд нафар номзадии худро пешбарӣ намоянд.

Донишҷӯёни тоҷик то 30 декабри соли 2023, соати 18:00 тавассути линк метавонанд номзадии худро пешбарӣ намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳои иловагиро тариқи суроғаи электронии дар зер овардашуда ирсол намоянд.

https://forms.gle/AEsoRjnijQXBNhER8

суроғаи электронӣ: tojikon.pressa@list.ru

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Декабрь 21, 2023 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд