«БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮИ СОЛ -2023». Барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар Федератсияи Русия таҳсил доранд, озмун доир мешавад
ДУШАНБЕ, 21.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо дастгирӣ ва сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия байни донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди Федератсияи Русия озмуни «Донишҷӯи сол – 2023» эълон менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Мақсад аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони лаёқатманди тоҷик дар мамлакати иқомат, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, муттаҳид намудани ҷавонон дар хориҷи давлат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаҳои гуногун дар байни донишҷӯён мебошад.
Дар озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди Федератсияи Русия дар гурӯҳи рӯзона таҳсил менамоянд, иштирок намуда метавонанд. Донишҷӯёне, ки дар соли аввал таҳсил менамоянд, бо назардошти ҷамъбаст нагардидани соли аввали таҳсил имконияти иштирок намуданро надоранд. Аз як донишгоҳ метавонанд чанд нафар номзадии худро пешбарӣ намоянд.
Донишҷӯёни тоҷик то 30 декабри соли 2023, соати 18:00 тавассути линк метавонанд номзадии худро пешбарӣ намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳои иловагиро тариқи суроғаи электронии дар зер овардашуда ирсол намоянд.
https://forms.gle/AEsoRjnijQXBNhER8
суроғаи электронӣ: tojikon.pressa@list.ru
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






