«БЕҲТАРИН ДОНИШГОҲИ НАВОВАР ВА ПЕШРАФТАИ СОЛИ 2023». Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби ин ҷоиза гардид

Декабрь 27, 2023 16:17

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи «Мактаби тиҷорати рақамии Лондон» («London School of Digital Business») Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айниро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, субот ва эътирофи дастовардҳо бо ҷоизаи «Беҳтарин донишгоҳи  навовар ва пешрафтаи соли 2023 (LREA 2023)» қадрдонӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо дарсҳои видеоии фанҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавонист диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намояд, зеро имрӯзҳо дастрас гардидани маводи таълимӣ барои ҳамагон новобаста аз сатҳи зиндагӣ муҳим мебошад.

Роҳбарияти донишгоҳ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар самти маориф ва илм барои баланд бардоштани савияи дониши насли наврас иқдоми муосир- рақамикунонии маориф, таҳсил ва тарбияро бо диди инноватсионӣ амалӣ созад.

Ин аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аввалин шуда, дар байни муассисаҳои ҷумҳурӣ дарсҳои видеоӣ пешкаш намуд. Бо ин роҳ мавзуъҳои илмӣ на фақат дастраси донишҷӯёну олимон, балки тамоми хоҳишмандону алоқамандон гардонида мешаванд.

Аз тарафи омӯзгорону муҳаққиқони донишгоҳ имрӯз зиёда аз 1200 дарси видеоии илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайра, ки фарогири зиёда аз 1000 фани гуногуни омӯзишшавандаи донишгоҳ мебошанд, пешкаши ҳамагон гардонида шудаанд.

Таҷрибаи рақамикунонии донишгоҳ буд, ки ба он аз тарафи муассисаҳои Узбекистон, Беларус, Ҳиндустон, Чин ва Британияи Кабир баҳои баланд дода шуд.

Имрӯзҳо аз тарафи ректори муассиса барои боз ҳам беҳтар ва босифат гузаронидани дарсҳои видеоӣ шароити мусоид ва ҳавасмандгардонии саривақтӣ пешбинӣ шудааст. Ба он устодону олимоне, ки дарсҳои видеоии худро сари вақт ва бо баёни мавзуъҳои мубрам ба охир мерасонанд, ҳавасмандгардонӣ ба маблағи 1000 сомонӣ муайян шудааст. То имрӯз зиёда аз 32 муаллифи дарсҳои видеоӣ ҳавасманд гардидаанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Декабрь 27, 2023 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад