«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Имрӯз маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз, 2 декабр бахшида ба 24-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Фармони тақдирсоз ва саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Меҳрӣ Олимшо, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлат ва намояндагони дигар вазорату идораҳо, инчунин ғолибони озмун иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила иброз намуд, ки ҳоло дар 20 мақомоти марказӣ ва 16 мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳайати кормандон аз ҳисоби занон агар аз 30 фоиз боло бошад, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии амалкунанда 24,7 фоиз, аз ҷумла, кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд. Инчунин занону духтарон дар соҳаи маорифи мамлакат беш аз 73%, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ- 71%, фарҳанг- 47%, алоқа- 25%, соҳаи бонкдорӣ- 39%, хизматрасонии иттилоотӣ- қариб 40%, соҳаи энергетика- 14,1%, алалхусус дар иншооти муҳими аср- НБО «Роғун»- 687 нафар ва дар корхонаҳои саноати сабук- 87,8 % занону духтарон фаъолияти пурсамар доранд.
Ин нишондиҳандаҳо аз фаъолияти пурсамари занону духтарони тоҷик дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат шаҳодат медиҳанд.
Бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва қабули қарорҳо Кумита бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон- то соли 2030 ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар заминаи амалишавии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2022-2030 Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»-ро дар байни занону духтарони соҳаи хизмати давлатӣ баргузор намуд. Имрӯз дар фазои тантанавӣ маросими ҷоиза ва дипломсупорӣ ба ғолибони озмун доир мегардад.
Бояд гуфт, ки иштироки 211 хизматчии давлатии мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот аз ҳисоби занон дар даврҳои якуму дуюм, ки аз моҳи май то инҷониб идома дошт, қаноатманд буда, беҳтаринҳо, яъне 77 нафар ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифта, 52 нафар дар даври ниҳоии озмун иштирок намуданд, ки 28 нафари онҳо аз мақомоти марказӣ ва 24 нафар аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот мебошанд. Аз рӯи натиҷаҳои баргузории даври ниҳоии озмун 27 нафар хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ гардида, ба 25 нафар беҳтарин занону духтарони хизматчии давлатӣ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои минбаъда тавсияҳо дода шуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат тазаккур дод, ки бо назардошти муваффақият ва дастовардҳои занону духтарон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, ҳар яки моро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи мамлакат бо иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатӣ, тарбияи фарзандони худогоҳу худшинос, ватанпарасту дорои ҳувияти баланди миллӣ саҳми боз ҳам назаррас гузорем.
Ҳамзамон дигар иштирокчиёни конференсия ибрози андеша намуданд.
Дар охир ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» диплом ва мукофотҳо супорида шуданд.
София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»


















Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






