«БО ТУ МЕФАХРАМ, АЁ, ЭЙ ҲИЗБИ МАН». Дар Бадахшон бахшида ба 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Декабрь 12, 2023 18:00

 ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Бо ту мефахрам, аё, эй ҳизби ман» баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Барои баргузор намудани аксияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солнома (тақвим) бо акси Раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли нави мелодии 2024 таҳия намуда, нишонаи сарисинагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби созанда ва муттаҳидкунанда тақдим шуд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят бо мақомоти ваколатдори давлат, соҳаи илму маориф ва дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ ҳамкории ҳамешагӣ дошта, барои  дар амал татбиқ намудани сиёсати ин ҳизби халқ ҳамеша ҳисса мегузорад. 

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Декабрь 12, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд