БОБОҶОН ҒАФУРОВ-БАЁНГАРИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ. Дар Бадахшон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Декабрь 13, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзуи «Бобоҷон Ғафуров-баёнгари таъриху фарҳанги миллат» бо иштироки омӯзгорону олимони донишкада, кормандони раёсати маорифи вилоят ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишкада хабар медиҳад.

Дар конференсия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков дар мавзуи «Хизмати Бобоҷон Ғафуров дар рушди илми тоҷик» сухан гуфта, саҳм ва хизматҳои арзандаи академикро дар рушду нумуи илми тоҷик бесобиқа унвон намуд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон дар мавзуъҳои «Вассофони олам андар дар васфи Бобоҷон Ғафуров», «Масъалаи забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ дар китоби «Тоҷикон» ва аҳамияти он», «Бобоҷон Ғафуров- олими барҷастаи Шарқ», «Бобоҷон Ғафуров- муаррифи миллати тоҷик», «Бобоҷон Ғафуров- Қаҳрамони Тоҷикистон»  ва «Бобоҷон Ғафуров-эҳёгари худшиносии миллии тоҷикон» маърузаҳои пурмазмун  пешниҳоди ҳозирин гардиданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Декабрь 13, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид