Дар 30 корхонаи вилояти Суғд соли равон 3724 тонна равған истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 05.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашёи хом коркард шуда, бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 30 адад корхонаи истеҳсоли равған фаъолият дошта, соли равон дар онҳо 3724 тонна равған истеҳсол шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки ҶДММ «Сахо», ҶДММ «Шамс 777», ширкати «Фаровон» ва корхонаи «Зирвеко» аз зумраи корхонаҳои истеҳсоли равған дар вилоят мебошанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ машғул мебошанд.
Дар ҶДММ «Сахо» дар як шабонарӯз 3,5 тонна равған истеҳсол мегардад. Барои фаъолияти муназзами корхона миқдори зарурии чигит захира шуда, дар он 46 нафар фаъолият доранд.
Дар ҶДММ «Шамс 777», ки ба қабулу коркарди пахта ва истеҳсоли равған машғул аст, то имрӯз 1000 тонна чигит коркард гардида, 800 тоннаи дигар захира карда шудааст.
Корхонаи равғанбарории ширкати «Фаровон» аз зумраи корхонаҳои калони истеҳсолӣ буда, масъулони ширкат тасмим гирифтаанд, ки сехҳои навро ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсолро зиёд намоянд. Корҳои бунёдии сехи нав тибқи нақша ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он боз 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Сифати равған дар корхонаи ширкат бо истифода аз таҷҳизоти зарурӣ ҳар ду соат пурра назорат карда мешавад. Истеҳсол ва бандубасти равған дар ин корхона мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, дорои сифати баланд мебошад.
Корхонаи равғанбарории «Зирвэко» дар шаҳри Хуҷанд бо истифода аз технологияҳои муосири истеҳсоли Чин ва Итолиё бунёд гардида, дар он аз маҳсулоти равғани хом маҳсулоти баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ омода менамоянд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 тонна буда, он асосан равғани хоми пахта, рапс, зағир ва дигар зироатҳои равғандеҳро бо сифати баланд коркард намуда, ба харидорон пешниҳод менамояд.
Мавриди тазаккур аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бахши хусусӣ имтиёзу сабукиҳо пешниҳод гардида, соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда саҳми шоиста мегузоранд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд






