Дар 30 корхонаи вилояти Суғд соли равон 3724 тонна равған истеҳсол шудааст

Декабрь 5, 2023 10:30

ДУШАНБЕ, 05.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашёи хом коркард шуда, бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 30 адад корхонаи истеҳсоли равған фаъолият дошта, соли равон дар онҳо 3724 тонна равған истеҳсол шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки ҶДММ «Сахо», ҶДММ «Шамс 777», ширкати «Фаровон» ва корхонаи «Зирвеко» аз зумраи  корхонаҳои истеҳсоли равған дар вилоят мебошанд, ки  ба истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ  машғул мебошанд.

Дар ҶДММ «Сахо» дар як шабонарӯз 3,5 тонна равған истеҳсол  мегардад. Барои фаъолияти муназзами корхона миқдори зарурии чигит захира шуда, дар он 46 нафар фаъолият доранд.

Дар ҶДММ  «Шамс 777», ки ба қабулу коркарди пахта ва истеҳсоли равған машғул аст, то имрӯз 1000 тонна чигит коркард гардида, 800 тоннаи дигар захира карда шудааст.

Корхонаи равғанбарории ширкати «Фаровон» аз зумраи корхонаҳои калони истеҳсолӣ буда, масъулони ширкат тасмим гирифтаанд, ки  сехҳои навро ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсолро зиёд намоянд. Корҳои бунёдии сехи нав тибқи нақша ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он боз 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Сифати равған дар корхонаи ширкат бо истифода аз таҷҳизоти зарурӣ ҳар ду соат пурра назорат карда мешавад. Истеҳсол ва бандубасти равған дар ин корхона мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, дорои сифати баланд мебошад.

Корхонаи равғанбарории «Зирвэко» дар шаҳри Хуҷанд бо истифода аз технологияҳои муосири истеҳсоли Чин ва Итолиё бунёд гардида, дар он аз маҳсулоти равғани хом маҳсулоти баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ омода менамоянд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 тонна буда, он асосан равғани хоми пахта, рапс, зағир ва дигар зироатҳои равғандеҳро бо сифати баланд коркард намуда, ба харидорон пешниҳод менамояд.

Мавриди тазаккур аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бахши хусусӣ имтиёзу сабукиҳо пешниҳод гардида, соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда саҳми шоиста мегузоранд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 5, 2023 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст