Дар Бадахшон хизматчиёни давлатӣ соҳиби хонаҳои хизматӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон соҳиби хонаҳои хизматӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ва муовини якуми Раиси вилоят Шарифхон Сафарзода иштирок намуданд.
Фирдавс Ҳаётзода иброз намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ барои хизматчиёни давлатӣ шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад.
Дар фарҷоми чорабинӣ калидҳои хонаҳои истиқоматӣ ба соҳибонашон супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 17 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.
Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Хоруғ бо манзили хизматӣ дар маркази вилоят бунёд гардид.
Дар манзилҳои истиқоматии мутобиқ ба талаботи замон барои зиндагии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити сатҳи баланд фароҳам оварда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар заминаи иқдоми хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар баробари оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунин 12 оилаи зарардидаи шаҳри Хоруғ, ки хонаҳои истиқоматиашон дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ пурра хароб гардида буд, соҳиби хонаҳои наву замонавӣ шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд






