Дар Бадахшон хизматчиёни давлатӣ соҳиби хонаҳои хизматӣ гардиданд

Декабрь 8, 2023 17:23

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон соҳиби хонаҳои хизматӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар чорабинии тантанавӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ва муовини якуми Раиси вилоят Шарифхон Сафарзода иштирок намуданд.

Фирдавс Ҳаётзода иброз намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ барои хизматчиёни давлатӣ шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад.

Дар фарҷоми чорабинӣ калидҳои хонаҳои истиқоматӣ ба соҳибонашон супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 17 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.

Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Хоруғ бо манзили хизматӣ дар маркази вилоят бунёд гардид.

Дар манзилҳои истиқоматии мутобиқ ба талаботи замон барои зиндагии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити сатҳи баланд фароҳам оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар заминаи иқдоми хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар баробари оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунин 12 оилаи зарардидаи шаҳри Хоруғ, ки хонаҳои истиқоматиашон дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ пурра хароб гардида буд, соҳиби хонаҳои наву замонавӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Декабрь 8, 2023 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд