Дар деҳаи «Кач-камар»-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ, 10.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи «Кач-камар»-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Бунгоҳи тиббӣ аз панҷ ҳуҷра ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат буда, тамоми утоқҳои корӣ бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ таъмин мебошанд. Яке аз мушкилоти асосии сокинони ин деҳот норасоии бунгоҳи тиббӣ буд ва 2400 нафар аҳолии деҳа имкон пайдо намуданд, ки аз хизматрасонии босифати тиббӣ баҳравар гарданд.
Бунгоҳи саломатии деҳаи Баҳористони ноҳия низ сохта шуда, имрӯз ба аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Ин иншоот иборат аз панҷ ҳуҷраи корӣ буда, дар он дастгоҳу лавозимоти ташхису табобатӣ муҳайё шудаанд.
Тавре мудири бунгоҳи саломатии деҳаи Баҳористон иброз намуд, бунгоҳи саломатии деҳа ба 2190 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад.
Гуфтан ба маврид аст, ки корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳама самтҳо вусъати тоза дошта, рӯз то рӯз дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ мепайванданд,.
Ин аз ҳисси баланди сокинону соҳибкорон дарак дода, ба хотири шоиста истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд






