РУШДИ МАОРИФ. Дар деҳаи Саттор Раҷабови шаҳри Турсунзода сохтмони бинои муассисаи таълимӣ оғоз ёфт

Декабрь 19, 2023 16:40

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорони маҳалливу  сокинони деҳот дар деҳаи Саттор Раҷабови Ҷамоати деҳоти Навобод сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода.

Бинои мактаб аз ду ошёна, 16 синфхона ва як утоқи кори омӯзгорон иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Он дар майдони зиёда аз 0,50 гектар сохта мешавад.

Ҳоло хонандагони ин деҳа бо тай намудани зиёда аз 1,5 км роҳ дар муассисаҳои таълимии ҳамсоядеҳа таҳсил доранд.

Ташаббускорон ният доранд дар заминаи ин мактаб, ки майдони фарохро дар бар мегирад, майдончаи варзишӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон низ бунёд намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 19, 2023 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд