Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон доир ба филологияи Шарқ конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи «Филологияи Шарқ: пажуҳиши забоншиносӣ, равобити адабӣ ва тарҷумашиносӣ» бо иштироки мутахассисони соҳа, забоншиносону адабиётшиносони ватанӣ ва хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ дар сатҳи баланд конференсияи байналмилалии илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Ректори донишгоҳ дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми забоншиносӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху адабиёти тоҷик сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ дар масири муколамаи тамаддунҳои гуногун ҷойгоҳи хосаро ишғол намуда, дар раванди муносибатҳои байни халқу миллатҳо ва давлатҳои олам беш аз пеш нақши барҷаста пайдо менамояд.
Гуфта шуд, ки равобити адабӣ ва таълифи асарҳои мухталифи забонӣ роҳи нави пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба давлатҳои дунё буда, адабиёт ҳамчун ҷузъи асосии фарҳанги халқу миллатҳо онҳоро беш аз пеш муаррифӣ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари эҳтиром ва арҷгузорӣ ба адабиёт, санъат ва фарҳанги миллӣ инчунин ба масъалаи дар сатҳи баланд мавриди таҳқиқ қарор додани масоили забонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар конференсия масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар замони муосир, мукаммал намудани фарҳангҳои дузабона, таълифи луғатномаҳои илмӣ — истилоҳӣ, тарҷума ва тарҷумашиносӣ, вазъи имрӯзаи тарҷумаю тарҷумашиносӣ дар замони муосир, роҳу усулҳои ҳифзи асолати забон, масоили марбут ба типологияи забонӣ, робитаи мутақобилаи забону адабиёт ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






