Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба усулҳои такмили таълими забони англисӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Усулҳои такмили таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар конференсия таъкид гардид, ки дар баробари донистани забони давлатӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои давру замон мебошад. Ин забонҳо воситаи муоширати муносибатҳоямон бо давлатҳои дигар буда, барои ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани марому ҳадафҳои миллӣ ва рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриамон мусоидат менамоянд.
Дар мавзуъҳои «Усулҳои татбиқкунандаи таълими муосири забони англисӣ бо истифода аз технологияи сайёру мултимедӣ» ва «Зиёиён ва масъалаҳои забоншиносӣ» аз ҷониби устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Кори конфронс дар бахшҳои «Таҳлили муқоисавии актуалии илми забоншиносии муосир» ва «Омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз усулҳои таълими технологияи мултимедӣ» идома ёфт.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд






