Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд

Декабрь 27, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо ҷалби сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон  ба мувофиқа расиданд.

Ҳамзамон баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон, ки соли 2024 дар Теҳрон ба нақша гирифта шудааст ва тақвияти ҳамкории Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, Протоколи чаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ 28 декабри соли 2023 ба имзо расонида мешавад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад