Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷаласаи комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа аъзои комиссияҳои байниидоравии давлатӣ ва комиссияҳои марбутаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҳифзи обу иқлим, аз ҷумла ташаббуси навбатӣ дар мавриди Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, инчунин дастгирии давлатӣ оид ба ҳамаи самтҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла рушди иқтисоди «сабз» ва тағйирёбии иқлимро махсус таъкид намуд.
Дар ҷаласа аз рӯи ин масъала муовини раиси комиссияи байнииидоравии давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода оид ба натиҷаи ҷараёни иҷрои барномаи мавриди назар дар фаъолияти комиссияҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки қаблан мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта буд, ба таври мушаххас маълумот дод.
Инчунин ҳар аъзои комиссия дар маҳал, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои масъул оид ба фаъолияти соли 2023 дар самти татбиқи барнома гузориш доданд.
Дар анҷом бо назардошти иҷрои ҳисобот, дастуру супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори марбутаи ҷаласа қабул гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






